Мазҳаб Ҷумъа
"Ҳар рӯз аз бонк занг мезаданд..."
Рӯзгори зане, ки дар пардохти қарзи бонк дар давраи пандемия
ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

Давлатпочо Атоева сарнавишти ибратомӯзе дорад. Тақдир бо ӯ набарди ноҷавонмардона эълон намуд: хост миёнашро бишканад, аммо иродаву ҷасораташ нагузошт.
Солҳои 90-уми асри пор бори гарони рӯзгор бар дӯшаш шуд. Зиндагӣ аз канори ӯву чор фарзанд шавҳарашро бо зӯр ситонд. Ҳамакнун ӯро мебоист мардона бизияд ва бо зиндагӣ мардвор ҳарф бизанад.
Кулбаи хоксорона варо ҳамроҳи се шерзод ба ҷуз сарпаноҳ, даромадгоҳу даромадзост: замини наздиҳавлигӣ гармхона дорад, ки он рӯзирасони оила аст.

Ҳоло ӯ яке аз занони соҳибкори муваффақу ноҳияи Вахш ба ҳисоб меравад. Тавре худи номбурда нақл мекунад, ӯ соли 2018 дар семинарҳои як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба интихоби тухмии хушсифат, шинонидани ниҳолакҳо ва тарзу усули кор бо гармхонаи замонавӣ ширкат кард. Нерӯву тавон ва фаъоливу кордонии ӯро ба назар гирифта, яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба Атоева баҳри сохтани гармхона маблағ пешниҳод кард. Ӯ розӣ шуд ва ҳамин тариқ ба фаъолияти соҳибкории ҷиддӣ оғоз кард.

Охири соли 2018 як гармхонаи замонавӣ таъсис дод. Дар аввал соҳибони грант ба ӯ тухми ниҳол медоданд ва вақте ниҳол омода мешуд, аз ӯ мехариданд. Ҳамин тавр, рӯз то рӯз соҳибкории Давлатпочо рушд мекард. Рӯзе ӯ тасмим гирифт, ки ниҳоли соҳибкориашро бисабзонад ва се гамрхонаи дигар бисозад.


Вале барои сохтмони гармхонаи замонавӣ - барои харидории дастгоҳу таҷҳизот ба сармояи моддӣ ниёз дошт. Бо тавсияи дӯстон ва фарзандон дар яке аз бонкҳои кишвар ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифт. Ҳарчанд мефаҳмид, ки ин маблағи кам нест ва болои ин фоизҳои ҳангуфти бонкҳои Тоҷикистон шояд миёнашро шиканад , аммо доштани риштаи дӯстӣ бо меҳнат ва таҷрибаи корӣ барои гирифтани қарз итминонаш дод. Акнун ӯ соҳиби чаҳор гармхонаи замонавӣ буд.


Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, лиму ва дигар сабзавотро корида, барои пардохти қарзи бонкиаш ба бозор пешкаш менамуд. Ҳамин тариқ, тавре ки интизор дошт, соҳибкориаш рушд карду ба дарахти борвар бадал ёфт. Вале дарозумрии ин дарахт дароз напоид. Тоҷикистон ва умуман тамоми ҷаҳонро мавҷи коронавирус таҳдид кард ва оҳиста-оҳиста тамоми кишварҳо сарҳадҳои худро баста, таъсир ба ҳамаи соҳаҳо расид.

Атоева: “Бонк ҳеҷ сабукӣ надод”
Ӯ дигар натавонист тиҷорати хурди давом диҳад. Ҳамин тариқ натавонист маблағи пардохти қарзашро пайдо кунад. Ин мушкил аллакай моҳи июн оғоз шуд ва то моҳи сентбяр давом ёфт. Ҳар рӯз аз бонк ба ӯ занг мезаданд ва талаб мекарданд, ки маблағашро пардохт намояд. Вале ӯ имкон надошт ва он шабу рӯз мисли дигар сокинон ҳамон қадаре дарёфт мекард, ки ба зиндагиаш сарф мешуд.

Чанд маротиба ба бонк рафтам ва аз онҳо хоҳиш кардам, ки муҳлати пардохти қарзамро дароз кунанд ва ё ба моҳи дигар монанд. Вале арзам бенатиҷа буд. Ҳарчанд тавассути ВАО ва телевизион дар бораи он ки ҳукумат бонкҳоро муваззаф намудааст, ки ба муштариёни худ сабукӣ диҳанд, огоҳ будам, вале ин чиз мутаассифона, дар амал татбиқ намешуд.
Давлатпочо Атоева, Соҳибкорзан

Дӯзандагӣ ва деҳқонӣ моро “наҷот” дод

Ҳамин тариқ, бо як азоби зиёд имкон пайдо кард, ки моҳи июл маблағи қарзи моҳи июн, август моҳи июл ва сентябр ҳам августу ҳам сентябрро пардохт намояд.
Ин имкон аз инҷо даст дод, ки ӯ чанд сол пештар ба воситаи як ташкилоти байналмилалии дигар чандто асбоби дӯзанандагӣ харида, барои келинҳои хонадони худ дода буд, то онҳо дар вақтҳои холигӣ ба дӯзандагӣ машғул шаванд. Воқеан ин асбобҳо имрӯз ба дарди холаи Давлатпочо хӯрданд ва онҳо ӯро аз ин варта раҳониданд.





Ҳамарӯза пеши келинҳояш духтарон ва занони ҳамсоя ва гирду атроф мисли парвона ҷамъ меоянд, барои дӯхтан либос меоварданд ва бо ҳақмузд медӯхтанд.
Ҳамин тариқ моҳи октябри соли 2020 ӯ маблағи қарзи гирифтаашро пурра пардохт намуд.

Сохтмони маркази савдо ва хизматрасонӣ
Роҳҳо кушода шуданд, фарзандонам ба Русия барои пайдо кардани қутти лоямут рафтанд. Ман инҷо бо пули гармхонаҳоям як бинои дуошёна сохта ба истифода додам. Якум ошёнаи он маркази савдо мешавад ва ошёнаи дуввум сехи дӯзандагӣ, ки ҳамроҳи келинҳоям дигар духтарони маҳаллиро низ ба кор даъват намуда, ҳам ба онҳо касбу ҳунар ёд медиҳем ва ҳам бо воситаи он зиндагишаонро пеш мебаранд",- мегӯяд Атоева.

Мавсуф гуфт, ки агар таъсири пандемия ва қарзи бонкиаш намубед, аллакай ин биноро пурра сохта мавриди истифода қарор медод.

- Масъулини ноҳия гуфтанд, ки ҳамин сол раисҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш ташриф меорад ва агар имкон шавад биноро бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор медиҳем. Мутаассифона, ман фурсат накардам сохтмони онро пурра ба итмом расонам. Ҳамин тариқ кушодашавии он ба рӯзи дигар монд, - нақл мекунад холаи Давлатпочо.


Ӯ мегӯяд, ҳоло барои сохтмони як гармхонаи дигар ва таъмири бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ аз як бонки дигар қарз гирифтааст ва ҳар моҳ маблағашро пардохт мекунад. Чунки ҳам гармхонаҳояш аз як сол ду ҳосил дода истодаанд ва ҳам фарзандонаш ки дар Русия ҳастанд, барои рушди соҳибкориаш ӯро дасгирӣ мекунанд.

Пешниҳод ба бонкҳо: ба муштариён сабукиҳо диҳед

Ӯ пешниҳод намуд, ки бонкҳои кишвар дар ҳолатҳои ногувор мислипандемия ба мардум сабукӣ ва имтиёзҳо пешниҳод кунанд, то онҳо имкон пайдо кунанд миёни худро рост намоянд ва аз паси фаъолияти хеш шаванд.
"Дар оянда нақша дорам, ки се гармхонаи нави замонавии дигар сохта ба истифода диҳам, то даромади бештар ба даст оварда, сатҳи зиндагиамро аз имрӯза ҳам хубтар намоям. Мекушам ҳамроҳи фарзандонам ба ин кор ҷалб шавем, то онҳо ба муҳоҷират нарафта, дар назди ману фарзандон зиндагиашонро пеш баранд",- гуфт Давлатпочо Атоева.
Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 1 сентябри соли 2021 аҳолии Тоҷикистон беш аз 11,5 сомонӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд. Ин рақам ба ҳамин давраи соли 2020-ум ҳудуди 1 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки азҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website